CҶТ: Обилаи ҳамдуна ба 50 кишвар роҳ ёфт

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, обилаи ҳамдуна дар 50 кишвари ҷаҳон паҳн шуда, 3413 нафар ба он сироят ёфтаанд.

СҶТ ҳамчунин аз нахустин ҳолати фавт аз бемории обилаи ҳамдуна хабар дод. Қурбони ин вирус як шаҳрванди 40-солаи Нигерия гардид.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин дард дар як сайёҳ ошкор шуд, ки аз Нигерия ба Британия баргашта буд.

Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодир аст. Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.

Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.

Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аллакай мутахассисони худро барои мубориза бо маризии мазкур омода мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *