маош

Хатлон: Барои пардохти музди меҳнат имконият ҳаст

Музди меҳнати кормандони буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ин ба баъд бо зиёдшавии 20 дарсад пардохт карда хоҳад шуд. Барои пардохти музди меҳнати зиёдшуда каму беш 31 миллион сомонӣ барои як моҳ лозим будааст.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки барои бетаъхир ва сари вақт пардохт кардани музди меҳнат аз пеш омодагӣ дидаанд. Гуфта шуд, ки мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ дар шашмоҳаи ояндаи сол ба музди меҳнати пешинаи кормандони буҷетӣ 186 миллион сомонӣ зам мешавад. Зикр гардид, ки бо зиёд кардани 20 дарсади музди меҳнати кормандони буҷетӣ барои соли 2023-юм мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ каму беш 360 миллион сомонӣ лозим аст.

“Аз ҳисоби барзиёдии қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳо, сарфаи бақияи озод, маблағи воҳидҳои кории холӣ, дарёфти манбаҳои иловагии буҷет ва субвенсияи ҷумҳуриявӣ музди меҳнати кормандони буҷетӣ бе мушкили пардохт карда мешавад”,- афзуд ҳамсуҳбатамон.

Бояд гуфт, ки дар асоси фармони Президенти кишвар шуруъ аз 1-уми июл музди меҳнати кормандони буҷетӣ ба андозаи 20 дарсад боло меравад. Маоши кормандони хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 дарсад ва дигар кормандони ин сохторҳо ба андозаи 20 дарсад зиёд карда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вилояти Хатлон то ҳанӯз аз буҷети ҷумҳуриявӣ вобастагии иқтисодӣ дорад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *