Хуҷанд: Боз садамаи нақлиётӣ!
25 июл тақрибан соати 18:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар натиҷа мусофири мошини мазкур марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошин марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ шудааст.
Инчунин 25 июл ронандаи трактори тамғаи «ЮМЗ -6», марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Истиқлол, дар нишебӣ аз уҳдаи идора намудани трактор набаромада, онро чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофири трактор ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ