Зани хуҷандӣ аз «Мерседес-бенс» доллару сомонӣ дуздид!

   Ба мақомоти милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намудааст, ки 22 июл тахминан соати 19:40 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс» 300 доллари амрикоӣ ва 1400 сомонӣ маблағи пулиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тавре  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур зани 45-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *