Душанбешаҳр 43 градус гарм шуд!

   Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 19 то 21 дараҷа ва рӯзона аз 41 то 43 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар  хабар медиҳад.
Дар баробари ин манбаъ ҳарорати иимрӯзаи ҳаворо дар вилояти Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ намуда, дар ғарби вилоят шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи он бошад  шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 20 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 21 то 26 дараҷа ва рӯзона аз 41 то 46 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯйи гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 21 то 26 дараҷа ва рӯзона аз 38 то 43 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа ва рӯзона аз 38 то 43 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *