Хуҷанд: Шаҳраки аврупоӣ орзуи дусолинаи 30 оила аст

   Корҳои лоиҳакашии биноҳои баландошёна, ки мебоист дар хиёбонӣ Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд қомат рост кунад ҳанӯз ҳам оғоз наёфтааст. Дар нишасти матбуотӣ Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабарӣ гуфт: «То лоиҳа омода нашавад, аз ташхиси давлатӣ нагузарад иҷозати сохтмон дода намешавад.»

     Ин дар ҳолест, ки беш аз 30 оила тахмин 150 нафар арзёбӣ карда мешаванд тӯли қариб ду соли охир дар хонаҳои иҷоравӣ умр ба сар мебаранд. Рафоат Ҳошимова яке аз бошандагони хиёбони Раҳмон Набиев, ки хонаашро ба хотири бунёди биноҳои баландошёна вайрон кардаанд мегӯяд, ҳоло вазъи зиндагияшон дар ҳуҷраҳои иҷоравӣ нигаронкунанда мебошад.

    Ёдовар мешавем, ки масъалаи бунёи шаҳраки мазкур ду сол боз лоиҳакашӣ мешавад.

                                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *