Худкушӣ ҷавоби муҳоҷири тоҷик ба корфармои рус

Як муҳоҷири 48-солаи тоҷик рӯзи 12 июн худро дар Петербург дар мағозае, ки кор мекард, овехтааст. Ӯ дар номаи пеш аз маргаш соҳиби мағозаро дар маргаш ба чанд моҳ боз надодани маошашон айбдор карда, дуояш кардааст ки «Илоҳӣ, дар ҳамин мағозаат бипӯсӣ!”

Субҳи 12 июн дар яке аз мағозаҳои хурди хӯрокворӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҷасади ба дор овехтаи як мардро пайдо карданд. Ба пулис тақрибан соати даҳи субҳи душанбе як мард занг зада ва хабар додааст, ки дар шӯъбаи гӯштфурӯшии фурӯшгоҳи воқеъ дар кӯчаи Васенко як марди ношинос худро овехтааст.

Пулис маълум кард, ки нафари худро овехта шаҳрванди Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1969 буда, дар ҳамин мағоза кор мекард.

Пулис исми ин муҳоҷири тоҷикро эълон накардааст, вале хабаргузории ФАН – Федеральное Агентство Новостей — бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомии шаҳри Санкт-Петербург хабар дод, ки пулис аз ҷои ҳодиса номаи пеш аз марги ин мардикори тоҷикро пайдо кардааст.

Аз ин номаи пеш аз марги мардикори тоҷик бармеояд, ки ӯ барои интиқом гирифтан аз соҳиби мағоза, ки чанд моҳ боз пули маоши коргаронашро надодааст, даст ба ҷони худ задааст.

Муҳоҷири тоҷик дар номаи пеш аз маргаш корфарморо дар марги худ айбдор карда, навиштааст, «ин чанд моҳе ки мо кор кардем, мо фақат барои пули иҷораи ту кор кардем ва қарздор шудем.”

«Худо туро занад? Илоҳӣ, дар ҳамин мағозаат бипӯсӣ!” – дуо кардааст корфармояшро ин тоҷики бечора дар поёни номаи пеш аз марги худ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *