“I love You”-и Dilovar нашр гардид
Дар ҳоли ҳозир Ad aka Dilovar яке аз рэпсароёни радаи аввали кишвар маҳсуб меёбад. Рэпҳои ӯро садҳо ҳазор нафар дар интернет гӯш мекунанд, бо мусиқии онҳо роликҳо омода мекунанд, онҳоро бозхонӣ мекунанд ва ғайраҳо.
Ин навбат рэпсаро рэпи навашро бо номи “I love You” дар ютубканали худ нашр кард. Гуфтан бамаврид аст, ки “I love You” пеш аз нашраш “Ӯ намия” ном дошт.
Рэпи мазкурро дар як шабонарӯз наздики 100 ҳазор маротиба шунидаанд. Ин гувоҳи он аст, ки монанди дигар рэпҳои рэпсаро ба ҳаводоронаш писанд омадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ