Ҷавони тоҷикро дар Маскав барои наҷоти кӯдак мукофот доданд

18-уми май дар маросими ташаббуси ҷамъиятию давлатии умумирусиягии «Дили гарм», ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон Зафар Умарзода барои наҷоти як кӯдак мукофотонида шуд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медҳад.

Дар гузориши кумита омадааст, ки медалро ба ин ҷавон ҷонишини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия, генерал-лейтенант А. Серко ва ҷонишини якуми вазири маорифи Русия А. Бугаев супоридаанд.

Гуфта мешавад, ки ҷоизаи “Дили гарм” ба ҷавонони то 23-сола дода мешавад, ки мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ нишон дода, фидокорона ба кумаки дигарон меоянд.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми майи соли 2022 Зафар Умарзода, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як корнамоии воқеӣ анҷом дода, кӯдаки 7-соларо, ки дар канали обёрӣ ғарқ шуда буд, наҷот дод. Ҳангоме ки Зафар ба хона мерафт, ногаҳон доду фарёди кӯдаконеро шунид, ки дӯсти онҳо дар ҳавзи назди хонаашон ғарқ мешавад.

“Кӯдаки 7-сола, ки бе назорати волидайн монда буд, тасмим гирифт шино кунад, аммо тавони худро ба назар нагирифта, ба об ғарқ шуд. Қаҳрамони ҷавон ба об чаҳида даромада, бачаро ба соҳил кашид. Пас аз ин корнамоии ӯ барои наҷотдиҳӣ ва мардонагии зоҳиршуда бо Ифтихорномаи КҲФ сарфароз гардонида шуд”,- омадааст дар гузориш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *