Аҳлиддин Ибодуллозода

Ибодуллозода: Бунёди бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон оғоз меёбад

Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гуфт, ки бунёди бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон оғоз меёбад.

Зимни нишасти хабарӣ номбурда изҳор дошт, ки ин манзили истиқоматӣ дар маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе сохта хоҳад шуд.

«Бино баландошёна буда, аз 204 хонаи истиқоматӣ иборат аст. Мувофиқи лоиҳа ҳуҷраҳои хонаҳо хеле васеъ ва барҳаво мебошанд»,-изҳор дошт ректор.

Сабаби то ҳол оғоз нашудани корҳои сохтмониро дар ин бинои истиқоматӣ ректори донишгоҳ ҷой доштани чанд иштибоҳ дар лоиҳаи бино арзёбӣ кард.

«Аз тарафи мутахассисон камбудиҳо дар лоиҳаи бино ислоҳ шуданд. Ҳоло мунтазири ҷавоби Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе ҳастем»,- гуфт ректор.

Инчунин, ректори донишгоҳ сабаби то ҳол ба истифода дода нашудани бинои нави таълимиро ба вазъи молиявӣ марбут донист. Ӯ гуфт, ки дар назар аст соли равон бино ба истифода дода шавад. Зеро корҳои сохтмонӣ дар ин бинои 5-ошёнаи таълимӣ ва толори калони маҷлисгоҳ анҷом ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки бинои нави таълимӣ интизор мерафт, дар ростои 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 2022 мавриди истифода қарор мегирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *