Энсо Фернандес

Гузариши Энсо Фернандес ба “Челси”

Ҳоло дар соҳаи футбол бештар дар бораи интиқоли эҳтимолии нимҳимоятгари аргентинӣ “Бенфика” — Энсо Фернандес ба “Челси” суҳбат меравад.

Музокирот байни «Челси» ва «Бенфика» идома дорад ва интизор меравад, ки созишнома ба зудӣ баста шавад. Агар ин кор рӯй диҳад, Фернандес ба як бозигари калидӣ барои “Челси” табдил меёбад.

Ба навиштаи The Times, бошгоҳи Лондон ба “Бенфика” 130 миллион евро пешниҳод кардааст.

Дар шартномаи нимҳимоятгари аргентинӣ маблағи 120 миллион евро пешбинӣ шудааст. «Челси» омода аст, ки ба “Бенфика” бештар диҳад. Аммо бо шарти пардохти ин пул қисм-қисм, на дарҳол, тавре ки бошгоҳи Лиссабон мехоҳад.

Фернандес яке аз истеъдодҳои умедбахш ва барҷастатарин дар ҷаҳони футбол аст ва гузариши ӯ ба “Челси” пирӯзии бузург барои даста хоҳад буд. Аргентинӣ бо техникаи бунёдии худ ва ҳаракати зебо дар майдон машҳур аст.

СУМАН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *