тими Тоҷикистон

Тими Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Fair Play» гардид

Санаҳои 25-30-юми январ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 2-юм Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни бонувон баргузор шуд, ки тими бонувони Тоҷикистон бо 3 хол ҷои сеюмро гирифт.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тими мунтахаби футзали Эрон, ки дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид. Медалҳои нуқра насиби футболбозбонувони Ӯзбекистон (6 хол) шуд.

Пас аз натиҷагирии чемпионат ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон тақдим шуд. Соро Ширбеигӣ (Эрон) бо 7 гол беҳтарин нишонзан гардид. Ҷоизаи беҳтарин бозингар мисли соли гузашта насиби Фаришта Каримӣ (Эрон) гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *