Ахлидддин Ибодуллозода

Аҳлиддин Ибодуллозода: Боварии мардум водор ба талоши бештар мекунад

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар “Рейтинг-2022”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj дар номинатсияи “Ректори сол” пешсаф шуд.

Дипломи “Ректори сол” имрӯз, 20-уми январ аз ҷониби намояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj Усмон Раҳимзода ба ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода тақдим гардид.

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни тақдими диплом изҳор дошт, ки “боварӣ ва эҳтироми мардум бори дигар моро водор месозад, то баҳри рушду рифъати мақоми илму маърифат беш аз ҳарвақта талош варзему ба давлату миллати азизамон содиқона хидмат кунем”.

Ёдовар мешавем, ки рейтинги ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj охири соли 2022 ҷамъбаст ва чеҳраҳои сол муайян гардиданд. Зимнан, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Аз як IP ҳуқуқи дар ҳар номинатсия ба тарафдории як нафар овоз додан буд. Ғолиб ҳамоне дониста шуд, ки дар номинатсияи худаш аз ҳама бештар овоз гирифтааст.

МАЪЛУМОТНОМА

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло 39 сол дошта, аз моҳи июни соли 2022 инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Номбурда соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси муаллими таърих ва ҳуқуқ хатм кардааст. Донандаи забонҳои хориҷӣ — русӣ ва англисӣ аст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои таърих.

Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», дар соҳаи фарҳанг бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 қадрдонӣ гардидааст.

Фаъолиятро ба сифати омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз бахшидааст. Баъдан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои масъул ифои вазифа намудааст.

То таъин шудан ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *