Идомаи вокуниш ба навори латукӯби сарбозон. Подполковник ба ҳабс гирифта шуд
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳабс гирифтани як нафар подполковник дар робита ба навори латукӯби сарбозон хабар дод.
Тавре иттилоъ дода шуда буд, 15-уми декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷ. А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ — қаториҳо Азимов Ф. Б., Камолов А. Ш., Нозимов М. Б. ва Сайфуллоев Ҳ. Ҳ. қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М. С., қаториҳо Чориев Б. Т., Каримзода З. Р., Амиров Н. Ф. ва Мусоев А. Т.-ро мавриди латукӯб қарор додаанд.
24-уми апрели соли 2023 нисбати гунаҳгорони номбурда бо дастрасии моддаи 373, қисми 2, бандҳои «б, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.
— 25-уми апрел бошад, нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд,- меафзояд манбаъ.
Тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ