Баррасии масъалаи ҷалби сармояи ИА ба иқтисодиёти Тоҷикистон

Масъалаи ҷалби бештари сармояи Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани маблағҳои лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин маблағгузории НБО “Роғун” зимни ҷаласаи Зеркумита оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид — муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Сара Риналди — сардори Департаменти Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ, Директори генералии INTRA, Комиссияи Аврупо роҳбарӣ намудаанд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи Барномаи нави индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+)-ро мавриди муҳокима қарор додаанд.

— Иштирокчиён барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан корхонаҳои нассоҷӣ, сохтмони нерӯгоҳи барқии хурду миёна пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд. Дар анҷоми ҷаласаи Зеркумита ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор дошитанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *