Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафар мекунад

Дар назар аст, ки  3 май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кунад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад.

“Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар маҳсуб меёбад.

Инчунин, дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” – B2B ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир мешавад.

Аз натиҷаи вохӯриҳо ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *