Оғоз дар се сония. Дар Тоҷикистон видеои мобилиро чӣ тавр тамошо мекунанд?

Instagram ба яке аз майдонҳои маъруфтарине табдил ёфтааст, ки дар он соҳибони смартфонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон видео тамошо мекунанд. Оператори имкониятҳои нави рақамӣ бо таҳлили сифати пахши филмҳо, наворҳо ва намоишҳои мустақим дар дастгоҳҳои муштариён рейтинги худро омода намудааст.

Ҷои дуюм ва сеюмро дар панҷгонаи беҳтарини майдонҳои маъруф YouTube ва Facebook соҳиб шуда, Vkontakte ва WhatsApp миёни муштариёни МегаФон дар ҷои чорум ва панҷум қарор гирифтаанд.

Дар баробари баҳогузории сифати видеои мобилӣ мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” суръати пахш, вақти оғоз ва видеодропҳо, яъне дасткашиҳои истифодабарандагонро аз тамошои минбаъда ба назар мегиранд.

Суръати миёнаи тамошои видео дар шабакаи оператор дар ҳудуди ҷумҳурӣ 5 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Барои оғоз ба ҳисоби миёна 4 сония зарур меояд. Ҳамзамон дар дастгоҳҳои 60% муштариён пахши видео зудтар — пас аз се сония ва ҳатто камтар вақт оғоз меёбад. Маҳз ҳамин ҳиссаи истифодабарандагон — 60% — видеоро то охир бидуни қатъи он бо сабаби “сустшавӣ” ё сифати пасти тасвир тамошо мекунанд. Қатъи тамошои видео дар ҳолати 40% боқимондаи муштариён бо сабабҳои гуногун — аз танзимоти смартфон ё набудани шабакаи 4G дар он вобаста мебошад.

“Тадқиқотҳои аз ҷониби мутахассисони ширкати мо гузаронидашаванда имкон медиҳанд, ки ҳолати умумӣ бо смартфонҳо, фаъолияти шабака ва бахусус интернети мобилӣ баҳогузорӣ карда шавад. Дар марҳилаҳои минбаъда маълумоти мазкур барои такмили сифати хизматрасониҳо, муҳайё намудани шароитҳои боз ҳам қулай барои муштариён истифода бурда мешавад”,- шарҳ медиҳад директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Рафил АГЛЯМОВ.

Маълумоти дар натиҷаи тадқиқотҳо бадастомада дар ҷараёни таҳияи тарофаҳо ва опсияҳо ба кор бурда мешавад. Масалан, мароқу завқи дӯстдорони видео ҳангоми тақияи тарофаҳои “#АзҲамаЗиёд” ва “#НигаронНабош” ба назар гирифта шуда буданд. Дар ҳарду тарофа ҳамаи паёмрасонҳо ва шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube ройгон мебошанд. Он тарофаҳое, ки дар онҳо истифодаи ройгони видеохостинги мазкур пешбинӣ нашудааст, пайвасткунии опсияи махсуси иловагии ройгони “YouTube”-ро бо нархи 55 сомонӣ дар як моҳ пешбинӣ мекунанд. Он ба дӯстдорони видеои нисбатан давомдор ва “вазнин” имкон медиҳад, ки онро бе маҳдудияти вақт ва ҳаҷми трафики интернет тамошо кунанд. 

Маълумоти муфассалро оид ба тарофаҳо ва опсияҳо метавон дар сомонаи ширкат дастрас намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *