Ифтитоҳи корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Кӯшониён
Имрӯз, 15 –уми декабр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи коркарди пахта ба истифода дода шуд.
Корхонаи коркарди пахтаи «Ифтихори Ватан» аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Корхона дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 коргару мутахассиси маҳаллӣ коркард намояд.
Масоҳати умумии замини корхонаи «Ифтихори Ватан» дар ноҳияи Кӯшониён 1 гектарро ташкил дода, дар он мувофиқи лоиҳа, бинои истеҳсолот бо муҷаҳҳазсозии дастгоҳу технологияи муосир, анбори нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 700 тонна пунбадонаи пахта, ҳуҷраҳои корию истироҳатӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.
Корхона дар марҳилаи санҷишӣ 2153 тонна ашёи хомро коркард намуд ва дар натиҷа 816 тонна маҳсулоти тайёр, 1113 тонна пунбадона ва 29 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ