Аз рейди милитсия то пешгирии ҳолатҳои худро маъюб нишон додану кумак хостан

Аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт бо мақсади ошкор ва муайяну ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани афроди ҷисман солиме, ки бо роҳи фиреб зоҳиран худро маъюбу дардманд вонамуд сохта, дар роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба талбандагӣ машғуланд, рейд ва амалиётҳои санҷишӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, зимни баргузории санҷиши навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Наскова Сафина Маъруфовна, санаи таваллудаш 11.12.2005, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Тундара ҳангоми дар байни роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул будан, боздошт карда шуд.

Номбурда ҳамарӯза бо мақсади ба даст овардани маблағ ба шаҳри Душанбе омада, дар аробачаи маъюбӣ нишаста, худро дардманд вонамуд сохта, дар байни роҳи мошингард ҳолати хатарноку садамавиро ба миён оварда, аз ронандагону роҳгузарон талаби кӯмак менамуд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар асл тану бозӯи солим дошта, мақсадаш танҳо ба даст овардани маблағ мебошад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *