Ифтитоҳи корхонаи сементбарорӣ дар Душанбе
Имрӯз, 7 уми ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҶСП “Тоҷиксемент”-ро ба истифода доданд.
Ин корхонаи истеҳсоли семент дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Корхона дар майдони 35 гектар сохта шудааст. Дар он иншооти истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази идоракунӣ ва ташхисгоҳ, анборҳо, ошхона ва ду истгоҳи таъмири техникӣ сохта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн тоннаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ