Ифтитоҳи Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси КДАМ дар Хатлон (аксҳо)
Имрӯз, 1 ноябр дар вилояти Хатлон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
“Зимни шиносоӣ бо ин маркази бисёрфунксионалӣ аён гардид, ки он дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, машқҳои мухталифи зиддитеррористиву варзишӣ ва шароити муосир барои обутоби руҳию равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо истифода аз техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини мувофиқ ба талаботи замон муҷаҳҳаз гардидааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Гуфта мешавад, ки дар ин маркази таълимии муосир тамоми шароити зарурии маишӣ ҳам муҳайё гардидааст, аз ҷумла хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ҳаммому хушкашӯӣ, ошхонаҳои барҳаво ва хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо мавҷуд мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини таълимию машқӣ ва маишию фароғатии дар ин маркази таълимӣ муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати фармондеҳии воҳидҳои таъиноти махсуси он барои истифодаи пурсамар аз ин пойгоҳу заминаи воқеан муосири омодагашта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ин пойгоҳ бо чунин техникаю таҷҳизот ва ҳама шароити мусоид имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии таъиноти махсус ҳамаҷониба ва бо сифати аъло омода карда шаванд, аз ҷумла бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонию минтақавӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ва махсусе, ки дар гӯшаю канори гуногуни олам имрӯзҳо ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ