Ифтитоҳи се бинои иловагӣ дар Балҷувон
Дар ноҳияи Балҷувон назди се муассисаи таълимӣ биноҳои иловагии дуошёнаи дорои шароити муосир бунёд гардидааст. Дар ифтитоҳ иншооти мавриди назар роҳбарияти вилояти Хатлон иштирок намуд.
Дар назди муассисаи таълимии рақами 4, 5 ва 11 биноҳои алоҳидаи таълими бунёд гардидааст.
Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 11 бо харҷи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Иншоот дуошёна буда, аз 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат аст ва барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии рақами 5 ҳам аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат аст. Бино бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ буёд шудааст, ки дар беҳтар гардидани шароити таълим мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 4 ба истифода дода шуд. Баъди ба истифода додани бинои иловагии муассиса хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ