Ифтитоҳи синфхонаҳои нави таълимӣ-тарбиявӣ дар ДМТ
Бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон дар факултети ҳуқуқшиносӣ ифтитоҳи ду синфхонаи таълимӣ-тарбиявӣ: синфхонаи Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, ҳамзамон, Иттифоқи касабаи факултет ва синфхонаи Клиникаи ҳуқуқӣ бо фазои кории барҳавою замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои ДМТ, дар ифтитоҳи Клиникаи ҳуқуқӣ намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намудаанд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. таъсис додани Клиникаи ҳуқуқиро иқдоми нек арзёбӣ намуда, қайд кардааст, ки он барои такмили донишҳои ҳуқуқии ҳам шаҳрвандон ва ҳам донишҷӯён, инчунин, дар самти пайвастани илм бо амалия саҳми назарраси худро хоҳад гузошт. Гуфта шудааст, ки ба клиникаи мазкур дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд муроҷиат намоянд.
— Ташкилу таъмин ва тармими чунин утоқҳои корӣ дар самти беҳтар гардонидани раванди илмомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа, инчунин, тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ судманд мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ