АЛҲАЗАР АЗ ДОҒЕ, КИ ШУСТА НАХОҲАД ШУД…

Ҳафиз Раҳмон, устоди ДМТ

Наздики нимаи шаб. Занги телефон. Баъди салом мусоҳибам, ки як зиёии соҳибмансаби водии илму адаб аст, аз банда хоҳиш мекунад, ки коғазеро тарҷумаву дуруст кунам. Хеле оҷил. Мефаҳмонамаш, ки ҳоло вазъи равониам хуб нест, дар чунин ҳол кори дурусте карда наметавонам. Ба санҷиши ҳоли банда мегузарад:

— Чаро озурдаӣ?

— Бинед, ки дар он сӯйи Ому тоҷик чӣ ҳоли зоре дорад…

— Эҳ, сода, унҳо як умр ба ҷанг одат кардагӣ, ҳоло мебинӣ, ки бо соз мегиранд…

— Чӣ хел соз мегиранд? Магар намедонӣ, ки тоҷикони Панҷшер нобуд шуда истодаанд, тоҷиконро мекушанд…

— Хайр, ба ману ту чӣ… Ҳар рӯз дар олам ҳазор-ҳазор одам мемурад. — О, инҳо тоҷик-ку, наход дилат насӯзад? Ба Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи қаҳрамон ҳам дилат намесӯзад? О, дар як баромадат дар ҳаққаш шеър ҳам гуфта будӣ-ку…

— Вобаста аз вазъият-да… Лозим шавад, боз шеър мегӯем… Биё, мон ин гапҳоро… Мову ту тинҷем, ҳамин бас. Проблемаи афғонҳоро бигзор худашон ҳал кунанд. Мову ту – пешка… Калоно ҳастанд, ягон гап меша. Гӯш кун, мекунӣ кора ё не?

— Не, ҳоло наметавонам.

— Хайр, ту мотам гирифтан гир, ман саду як кор дорам. Хайр!

Ин буд мухтасари суҳбате, ки наздики нимашаб шуд. Баъди ин гуфтугӯ хеле андармони фикр шудам, хобам гурехт, ҳарчанд дору хӯрда будам ва бояд дароз мекашидам, нашуд… Ӯ аз ман хафа шуд, аммо банда аз ӯ сад бор хафатар…

Ӯро намунаи як зиёии мунофиқу садрӯ дарёфтам. Ҳарчанд пештар ҳам медонистам, ки дар сухан як чиз, дар амал фақат ба манфиати худаш машғул аст. Охирин “проблемааш” ҳамин буд, ки писари хурдиашро илоҷе карда дар як мақоми ба қавли худаш “зиндагиро таъмин мекардагӣ” ҷой кунад… Хона, дача, фарзандон рӯйи кор, мошину пошин, дигар чӣ лозим хӯрдани ғами тоҷикони Афғонистон? Ин зиёии «замонавӣ» шеър ҳам мегӯяд, боре дар маҳфиле дар бораи иттиҳоди тоҷикон аз як минбар шеър ҳам гуфт, чунон кафк мепаронд, лабу даҳан, дасту панҷа меҷунбонд, ки гӯё ғамхортарин фарди ин миллат бошад… Баъдан… соҳиби мукофоти калон ҳам шуд!

…Ҳоло фикр мекунам, ки ин гуна зиёиҳо дар мо хеле зиёданд ва сафашон афзудан дорад. Бигзор бошанд. Ҷомеа бе инҳо ҳам намешавад, дар ҳама давру замонҳо чунинҳо буданд ва хоҳанд буд. Гап сари ин нест, гап сари он аст, ки ҳадди ақал дар рӯзҳои душвору мушкил сухани худро идора кунанд…

Бо банда ошкортар гуфт, аммо бовар дорам, ки бо касони дигар ҳатман хоҳад гуфт, ки “ҳамин шаб хобам набурд, ғами тоҷикони Панҷшер обу адоям кард, ҳатто аз даруни дили сӯзонам шеър ҳам пайдо шуд…”.

Ва он шеърашро ҳатман дар ягон ҳафтанома чоп ҳам мекунад! Ва бидуни навбат!

…Миллатҳои мутамаддин дар рӯзҳои фоҷиа устувортар мешаванд, таърих ба ин гувоҳ аст. Ҷангал, ки оташ гирифт, хушку тар месӯзад… На сарнавишти тоҷикони Панҷшер ва на тақдири тӯдаи сияҳкори толибон проблемаи танҳо Афғонистон нест. Мушкили ҷумла башарият аст. Ҳоло баъзеҳо ба ин назаранд, ки гӯё толибон танҳо бо сохтани иморати худ банд шуда, ҳар коре кунанд, дар диёри худ мекунанд, ба дигарон нарасанд, шуд. Ҳам Русия ва ҳам Чин чунин хаёли ботил дар сар доранд. Принсипи сиёсати хориҷии ин ду абарқудрати минтақа доиман ҳамин буд: душмани душмани ман дӯсти ман аст. Амрико ҳам аз ин усул истисно нест. Банда сад фоиз ба ин боварам, ки Амрико рӯзе ба ин сарзамин бозгашт хоҳад кард, вақте ки ду-се инфиҷор дар шаҳрҳои озодаву ободи он мамлакат аз дасти ин толибони малъун агар содир шавад.

Ҳоло ин тӯдаи гургон ваъдаҳо медиҳанд, мардумро ором карданӣ мешаванд, машруияти давлаташонро мехоҳанд. Вақте ки давлатро ором карданд, он вақт мегузаранд ба татбиқи сиёсати аслии хеш – фарох кардани қаламрав, экспорти идеяҳои асримиёнагӣ, ҷалби ҳамфикрон аз кишварҳои ҳамсоя…Суҳбатро аз як зиёии мунофиқи тоҷик оғоз кардам ва бо ӯ анҷом медиҳам.

Ду сол пеш хонаи ҳамсояи моро об зер кард: қубури об кафида буд, аммо ҳамсояро чунон хоб бурда, ки ҳатто шидирроси обро пайхас ҳам накардааст. Ҳангоме бедор шуд, ки об андаруни хона то буҷулаки по баланд шуд, то ду ошёнаи поин шорид. Ҳама ҷамъугир шуда, обро бастем ва шурӯъ кардем ба ислоҳи вазъият. Ҳатто кормандони ошхонаи “Чӯҷаҳо” ҳамагӣ ҳамроҳ шуданд. Соҳибони ду хонаи поини обрасида “гунаҳкор”-ро бахшиданд: насиб будааст, ҳеҷ гап не, қасдан нашудааст-ку…

Вазъи Панҷшер низ чунин такопӯву ҳамдиливу ҳамназариву кумаки амалиро мехоҳад. Хонаи панҷшериёнро об не, оташ зер кардааст, масъалаи ҳаёту мамот аст. Табиист, ки узбаку қирғизу қазоқу таркман эҳсоси хатар намекунанд, чун нажодашон дигар аст, хунашон ранги дигар дорад… Аксар раҳбарони сиёсати Эрони охундӣ низ озариву турктаборанд, дар хунашон гемоглобини мазҳаб бартарӣ дорад…

Сарнавишти тоҷики бечораи мулки Панҷшер бо чӣ меанҷомад, намедонам… Аммо як чиз чун шуълаҳои офтоб рӯшан аст: агар панҷшериён пирӯз шаванд, пирӯзии мо, агар Худой нахоста, хуни ноҳаққашон бирезаду толиби аждаҳотабиат ғолиб ояд, доғи сиёҳе дар пироҳани тамоми порсизабонони олам хоҳад шуд.

Доғе, ки бо ҳеҷ собун шуста нахоҳад шуд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *