Cарбози латукубшуда Шаҳбол Мирзоев даргузашт

Шаҳбол Мирзоев, сарбози тоҷик, ки ба сабаби бадрафторӣ дар артиш бемори бистарӣ шуд, шаби 1-уми феврал даргузаштааст. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик гуфтааст, ки Шаҳбол дар шифохонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Сабаби марги сарбози собиқ ҳоло маълум нест, вале ҳафтаи гузашта хабар расид, ки Шаҳбол Мирзоевро бо аломатҳои бемории “илтиҳоби шуш” ба бемористон бурдаанд.

Зайтуна Мирзоева, модари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 1-уми феврал дар суҳбати видеоӣ гуфт: «Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта баъди қайкунии зиёд, дарунравӣ ва камхунияш аз клиникаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд. Панҷ рӯз дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.»

Нуъмон Мирзоев ,падари Шаҳбол  ба “Озодӣ” гуфтааст, ки аҳволи Шаҳбол дар дармонгоҳи офиятбахшӣ дар Хуҷанд бад шуд ва ҳафтаи гузашта ӯро ба беморхонаи вилоятӣ бурда буданд. Ӯ афзуд: «Ҳарораташ баланд мешуд, қай мекард.» Дар беморхона Шаҳболро модару падар ва бародараш парасторӣ мекарданд.

Шаҳбол, сокини ноҳияи Ашт, ки имсол 27- сола шуд, моҳи марти соли 2014 баъди бадрафтории як ҳамхидматаш бемори бистарӣ шуд ва роҳ рафта наметавонист. Табибон гуфтанд, ки муҳра ва ҳароммағзи Шаҳбол дар натиҷаи зарбаи сахт осеб дидааст.

Қазияи ӯ барои чанд сол масъалаи бадрафториро дар артиши Тоҷикистон дар матбуот ва ҷомеа доғ кард ва сабаб шуд, ки вазорати дифо барои пешгирӣ аз ин зуҳурот бад дар сафи неруҳои мусаллаҳ чораҳои иловагӣ андешад.

Он замон барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014Усмоналӣ Ғайратов, парастори воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон маҳкум кард, вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Бо вуҷуди муолиҷаи тулонӣ бо кӯмаки ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистону Русия Шаҳбол дигар аз бистар барнахост ва дар яке аз мусоҳибаҳояш ба Радиои Озодӣ гуфт, ягона орзуяш ин аст, ки “аз ҷояш бархезад”. Орзуе, ки ӯ бо худ ба гӯр мебарад.

Наздиконаш гуфтанд, ки асри имрӯз Шаҳболро дар қабристони деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт дафн хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *