Дар Душанбе ронандаи беҳтарин мукофот мегирад

Дар шаҳри Душанбе беҳтарин ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ муайян ва бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ мегардад.

Дар ин бора барои таъсиси комиссия қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имзо шудааст. Инчунин, комиссия беҳтарин корхонаи нақлиётии пойтахтро интихоб менамояд.

Бино бар иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, барои баргузории озмунҳо аз буҷети шаҳр 16 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Натиҷаи озмунҳо дар арафаи Рӯзи пойтахт, ки имсол 17 апрел таҷлил мегардад, ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *