Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Тошканд дар як дег … 7 тонна сумалак мепазанд

Барои пухтани 7 тонна суманак 1,25 тонна гандум ва 4 тонна орд истифода шуда ва дар омода кардани суманак 80 нафар ошпаз ширкат мекунанд.

Барои пухтани ин миқдор суманак 1,25 тонна гандум ва 4 тонна орд истифода шуда ва дар омода кардани он 80 нафар ошпаз ширкат мекунанд. Деги холии суманакпазӣ 8 тонна вазн доштааст.

Суманаки 7-тоннагӣ дар Боғи Марказии шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон тайёр мешавад.

Ҳадафи аслӣ аз ин иқдом таблиғи арзишҳои миллии Ӯзбекистон ва намоиш додани тарзи пухтани суманак ба сайёҳони хориҷӣ ҳисоб меёбад.

Суманаки 7-тоннагӣ шоми имрӯз, 30 март омода шуда, ба хонаи маъюбони “Меҳрубонлик” (“Меҳрубонӣ”), парваришгоҳҳо ва сокинону меҳмонони шаҳри Тошканд тавзеъ хоҳад шуд.

Тарҳи “Мега суманак” (Суманаки бузург) аз ҷониби Иттиҳодияи ошпазҳои Ӯзбекистон, ҳукумати шаҳри Тошканд ва Идораи рушди сайёҳии Тошканд иҷро мешавад.

Пухтани таомҳо дар дегҳои бузурги чандтоннагӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба “мӯд” табдил ёфта истодааст.

Шаби 10 ноябри соли гузашта дар доираи «Фестивали оши палав» дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе палави яктонаӣ таҳия шуд.

 Барои таҳияи оши яктонаӣ 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз ва як кило нахуд истифода шуд.

Аммо деги бо 1 тонна ош ва заҳмати ҳаштсоатаи шаш ошпаз ҳамагӣ дар бист дақиққа бо беназмиҳо холӣ шуд.

Дар навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пахш шуда буданд,  дида мешуд, ки мардуми ҷамъомада болои деги ош ҳамла бурда, ба ҷои кафлез, бо дасту коғазу чӯб ва ҳатто каланд, барои худ ош мегирифтанд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе беназмиҳо дар «Фестивали оши палав» дар пойтахтро «таассуфовар» хонда ва гуфта буд,  дар пайи ин ҳодиса як гурӯҳ аз сокинон, ки дар ин беназмӣ даст доштанд, муҷозот шуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.