Дастгирии оилаҳои камбизоту серфарзанд зиёд мешавад

Кумакпулӣ ба волидонеро 30% афзоиш медиҳад, ки фарзандони маъюбро ба воя мерасонанд.

Президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев 4 апрел қонуни масъалаҳои таъмини иҷтимоии Қазоқистонро ба имзо расонд, ки дастгирии шаҳрвандони камбизоат ва хонаводаҳои серфарзандро пешбинӣ мекунад.

Қонун боло бурдани ҳадди ақали кумакпулӣ ба сари ҳар як фарзанди хонаводаҳои камбизоатро то 20 789 танга (беш аз $50) пешбинӣ карда, ҳамчунин кумакпулӣ ба волидонеро 30% афзоиш медиҳад, ки фарзандони маъюбро ба воя мерасонанд.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 27 феврал дар анҷумани Ҳизби «Нур Отан» гуфт, ки «барои беҳсозии сатҳи зиндагии мардум» аз ҳисоби Бунёди миллӣ маблағ ҷудо мешавад. Вай афзуд, ки имсол ҳудуди 45%-и харҷҳои будҷа ба бахши иҷтимоӣ равона мешавад.

Нурсултон Назарбоев 21 феврал ҳукумати ин кишварро ба истеъфо фиристода, 19 март худ аз мақомаш канор рафт.

Коршиносон мегӯянд, эътирозҳои модарони серфарзанд, ки 6 феврал дар шаҳрҳои Қазоқистон оғоз шуданд, тағйирот дар ин кишварро тезонданд. Эътирозҳо пас аз он шуруъ шуданд, ки 5 кӯдаки як хонавода дар сӯхтори кулбаи муваққате дар шаҳри Нурсултон (Остонаи пешин) ҷон бохтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *