Маъмурияти бозорҳо чаро дӯконҳои қассобиро назорат намекунанд?

Имрӯзҳо нархи гӯшту маҳсулоти гӯштӣ ба арши аъло расидааст. Як кило гӯшти гову гӯсфанд то ба 70-75 сомонӣ расидааст ва дар аксари дӯконҳои қассобии бозорҳо нархнома дида намешавад.

Ҳол он ки қассобҳои бозорҳо бо маъмурияти он шартнома бастаанд, килои гӯштро 50 сомонӣ бояд фурӯшанд. Вале ин шартнома танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад. Дар бозорҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан нархи гӯшт аз ҳама болост, то ба 80 сомонӣ мерасад. Сабабаш беназоратии маъмурияти ин бозорҳост.

Мушкилоти дигар ин аст, ки вазъи санитарӣ-беҳдоштии дӯконҳои қассобӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Гӯштҳои майда кардаро дар пештоқи дӯконҳо кашол мекунанд ва ҳар харидор онҳоро даст –даст зада мебинад ва худи қассобҳо ҳам бе ниқобу дастпӯшакҳо кор мекунанд. Ҳол он ки гӯшт бояд зери оина дар яхдонҳо нигоҳ дошта шавад ё ба қавле дар витринаҳо бошад, то муҳити беруна ба он таъсир нарасонад. Гӯшт пеш аз фурӯхтан аз ташхиси лабаратории духтурони байтори бозорҳо гузаронда шавад. Боиси афсӯс аст, ки ин кор дар ягон бозор амалӣ намегардад.

Барои ба танзим даровардани нархи гӯшт дар бозорҳо амалӣ кардани чораҳои зерин манфиатбахш аст:

Якум, дар бозор мағозаи давлатии гӯштфурӯшӣ бояд вуҷуд дошта бошад ё хоҷагиҳои чорводор дӯконҳои фурӯши гӯшт кушоянд. Дуюм, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ мисли картошка, пиёзу сабзӣ ва ғайра мавҷуданд, пас чаро дӯкони гӯштфурӯшӣ надоранд?

Сеюм, теъдоди саршумори чорвои калону майда, аз ҷумла бузу гӯсфанд ба садҳо ҳазор сар расидааст, вале нархи гӯшт дар бозорҳо ҳамоно боло меравад. Ҳатман комбинатҳои давлатии гӯштро бояд аз сари нав ташкил кард. Он вақт нарху навои маҳсулоти гӯштӣ танзим хоҳад шуд.

Э. Камолзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *