Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Модари 15 фарзанд: Маро озор медиҳанд! (видео)

Як пиразани сокини шаҳри Душанбе бо гиряву нола ва додхоҳӣ ба идораи сомонаи Pressa.tj омада, аз муносибати бади ҳамсояш шиква кард. Ӯ талаб дорад, ки мақомоти милитсияи Душанбе нисбати мушкилоташ таваҷҷуҳ намоянд.

Рӯзихон Файзуллоева 71 сол дошта, модари 15 фарзанд аст, ки то имрӯз 12 нафарашон фавтидаанд.

Ҳоло ин пиразан истиқоматкунандаи яке аз хобгоҳҳои умумии кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе аст.

Номбурда аз он шикоят дорад, ки ҳамсояаш бо номи Ширин Ҳафизова дар бобати равуо ба ҳоҷатхона ва хонаи истиқоматияш озори равонӣ медиҳад.

Писари Ширин бошад, ки Сино ном дорад, Рӯзихонро дар ҳоҷатхона таҳдид ба куштан карда, дашному таҳқирро ба ин пиразан раво дидааст. Модару писар мақсад доранд, ки ин модари азиятдидаро аз хобгоҳ ронанд.

Хабарнигори Pressa.tj барои пайгирии ин масъала ба хобгоҳ, хонаи Рӯзихон рафт ва тафсилоти мушкилияшро шунид, ки дар навори зерин дида метавонед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.