Илон Маск ҷонибдори ҳабси табибоне, ки ҷинси кӯдаконро иваз мекунанд
Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск ҷонибдори ҳабси абадии табибоне, ки ҷарроҳии тағйири ҷинсро барои кӯдакон анҷом медиҳанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме нашр шуд ва дар он яке аз корбарон иддао дорад, ки панҷ соли охир дар ИМА тақрибан 14 ҳазор кӯдак ҷарроҳии тағйири ҷинсро аз сар гузаронидаанд.
Ба андешаи муаллифи ин паём, чунин табибон бояд то абад аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
Соҳибкори маъруфи амрикоӣ Илон Маск, ки дар наворбардории силсилафилми «Кӯдакии Шелдон» низ иштирок дошт, ин нуктаи назарро дастгирӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ