Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Агар шохи ҷавонӣ бишканад, гиряму гирям…

Расман иллати марги Мубинаи 30 – сола ифшо нагардидааст, аммо аксар сокинони Хуҷанд мегӯяд, ин омӯзгори ҷавон аз коронавирус ҷон бохтааст.

Ӯ бо ҳамон табассуми малеҳу чеҳраи дидадарояш байни аҳли меҳнатии омӯзгорони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидадаротарин кас буд. Аҳли омӯзгорони кафедра, балки натанҳо кафедра, тамоми омӯзгорони Донишгоҳ чун ӯро рӯёрӯи худ медиданд бо ҳамон чеҳраи ҳамешашукфонаш як ҷаҳон маънӣ аз ӯ бар мечиданд.

Ин бонуи саропо меҳру иффат, садоқату меҳрубон Мубина Неъматова буда, ки ҳамагӣ аз умр 30 баҳорро пушт сар карда буд. Марҳум, муаллимаи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Ва дар ҳамин умри кутоҳи худ тавониста буд, дар дидаҳову қалбҳо бо назокату малоҳату ширинбаёниву адаб маскан бигирад.
Дареғо, ин вабои аср, имрӯзҳо танҳо даст ба барчиди гулҳои шукфону пурнакҳату тароватбор дароз намудааст.

Ин аҳди ноҷавонӣ буда, ки аҷал санаи 7 августи соли равон Мубина Нематова муаллимаи кафедраи технологияхои иттилооти дар иктисодиёти Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар сини 30 солаги аз байни ёру дӯстону пайвандонаш даррабуд.

Афсӯсу сад афсӯс, ки боз як нектинате, некхисоле, некройе, некпиндоре моро тарк гуфт. Синаҳоро моломоли дарду оҳу шеван намуда, ҷигарҳоро хун намудаву аз ду чашми тар бирехт.

Воқеан имрӯз дасти дарози аҷал аз боғи ҳаёти мо гулеро барчинд, ки ба атроф фақат зебоӣ ва тароват мебахшид.

Ин бори гаронро дӯстону пайвандон намедонанд чигуна таҳаммул намоянд? Ҳамаи он нафароне, ки ин чеҳраи зеборо мешинохтанд, аз хурд то калон, ҳама дар фироқи бонуи хушсалиқа ки дар адаб сурату сират ба ҳам омада буд, месӯзанду ашк сари мижгон доранд.

Мо ҳамагон даст ба дуо, ба даргоҳи он Зоти пок , ниёиш бурда хостори онем, ки ҷойи ин бонуи саршор аз муҳаббатро дар фирдавси барин баргузин намояд. Хонаи охираташ аз нури имон мунаввару обод бошад.
Дар шарҳҳои корбарон омадааст, ки бону Мубина аз коронавирус даргузаштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.