Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интихоботи президентӣ. Рӯзи баргузорӣ ва нигоҳи ҳизбҳои сиёсӣ

 «Муш кори худро кард. Ба анбори иқтисоди ҷаҳон даромад ва ҳар қадар, ки тавонист ғорат кард. Мо аз рӯи ақли худ кор мекунем, аммо табиат аз рӯи ақли худ…», — навиштааст дар номааш ба идораи «Тоҷикистон» Ибодулло Раҳимов аз шаҳри Кӯлоб. «15 кишвари бузурги олам аз коронавирус ба андозае зарар диданд, ки таърихи инсоният ёд надорад” дар мактуби худ нигоштааст Иброҳим Муъминов аз вилояти Суғд.

Инсон қудрати дар муқобили инҷиқиҳои табиат мубориза бурданро надорад. Агар мубориза барад ҳам,  гумон аст ғолиб барояд. Искандари Мақдунӣ, ки нисфи ҷаҳонро тасхир карда буд, натавонист аз болои як вирус ғалаба кунад ва ҷон ба Ҷаббор супорид. Барои ҳамин мо бояд роҳҳои оқилонаи аз ин офати табиат сиҳату саломат баромаданро кобем. Яъне, бо муш бо силоҳи муш мубориза барем…». «Соли 2020 соли чорабиниҳои сиёсист. Бисёре аз кишварҳои дунё ба хотири зери хатар нагузоштани мардум чорабиниҳои худро ба соли дигар гузарониданд. Чунки имсол соли вазнин аст. Мегӯянд, ки эҳтимол ИМА баргузории интихоботи худро ба соли 2021 гузаронад. Коронавирус ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам зарари калон расонд. Боз гап — гап ҳаст, ки мавҷи дуюми коронавирус дар ҷаҳон аз моҳи сентябр оғоз мешавад. Мо намедонем, ки ин ҳақиқат дорад ё не. Аммо эҳтиёт нисфи ҳаёт мегӯянд. Оё эҳтимоли ба соли дигар гузаронидани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?…»

Ба ин мазмун ҳамарӯза номаҳои зиёде ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ворид мешаванд. Муаллифони онҳо мепурсанд, ки воқеан баъд аз 118 рӯз, 6 ноябри соли 2020, интихоботи президентӣ баргузор мегардад? Албатта, тибқи Қонуни асосӣ рӯзи баргузории интихобот ду моҳ қабл эълон мешавад. Ҳар давлат вобаста ба вазъи сиёсӣ дар кишвар ва ҷаҳон метавонад ду моҳ қабл аз интихобот рӯзи баргузории онро эълон кунад. Ин аз рӯи қонун аст. Лекин оё зарурати ба вақти дигар гузаронидани интихобот вуҷуд дорад? Ҳизбҳои сиёсӣ дар чӣ андешааанд? Оё онҳо ба интихобот омода ҳастанд? Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» пурсишеро бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ баргузор намуд, ки онро пешкаши хонандагон месозем.

Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси ҲХДТ:

— Масъалаи якум дар шароити имрӯза муқовимат бо бемории сироятии коронавирус мебошад. Имрӯз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  тамоми қуввату имкониятро ба ҳамин самт равона кардааст, то ин пандемия ҳар чӣ зудтар нобуд шавад. Аллакай сатҳи коҳишёбии бемории коронавирус дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Баъди аз байн бурдани ин беморӣ,  ҳизб омодагӣ ба интихоботи дарпешистодаи президентӣ мегирад. Интихоботи навбатии президентӣ низ дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар баргузор мешавад. Он номумкин аст, ки ба вақти дигар гузошта шавад. Ҳоло то маъракаи муҳими сиёсӣ фурсат ҳаст. Барнома ва ҳадафҳои ҳизби мо бошад, барои мардуми кишвар маълум аст.

Рустам Латифзода,  раиси ҲАТ:

-Бемории сироятии коронавирус набояд сабаби баргузор нагардидани интихоботи президентӣ шавад. Зеро мо аллакай мушоҳида карда истодаем, ки шиддати он дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯ ба пастравӣ дорад. Зимнан, дар Тоҷикистон дар пайи ин беморӣ ягон ҳолати сахти фавқулода эълон нашудааст. Танҳо карантини нарм ҷорист. Аз ин лиҳоз, интихобот ҳам дар асоси қонунҳои ҷорӣ баргузор мешавад. Ман оптимист ҳастам, ки вазъият хуб мешавад ва чорабинии муҳими сиёсиро дар вақти пешбинишуда доир мекунем. Мо дар интихоботи парлумонӣ гуфта будем, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар чорабинии сиёсии интихоботи президентӣ низ ширкат меварзад. Кумитаи марказӣ ва фраксияи мо дар парлумон доир ба ин масъала ҷиддӣ кор карда истодаааст. Номзадҳои худро ҳам аллакай омӯзиш гузаронида, пешбинӣ намудаем. Дар ҷаласаи анҷумани ҳизб пешбарӣ хоҳанд шуд. Барномаамон низ мушаххас мебошад, ки номзадҳо ба вакили парлумон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон онро дар мулоқот бо интихобкунандагон шарҳ дода буданд. Бо назардошти вазъи имрӯз, он каме васеътар карда шуда, тамоми масъалаҳоро фаро мегирад.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ:

—  Мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин чорабинии сиёсӣ дар вақти пешбинишуда 6 октябри соли 2020 доир гардад. Бемории коронавирус наметавонад асос барои ба вақти дигар гузаронидани интихобот шавад. Билхоса, ки он дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз рӯ ба коҳишёбист. Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои рафъи ин вабо тамоми чорабиниҳоро андешида истодааст.   Ва дар ин роҳ муваффақ ҳам ҳаст. Дар мавриди интихоботи президентӣ бошад, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мисли ҳамешагӣ фаъолона  ширкат мекунад. Мо дар анҷумани ҳизб номзади арзандаи худро  барои иштирок пешбарӣ менамоем.

Рустам Қудратов,  раиси ҲИИТ:

-То интихобот вақт ҳаст. Ҳозир, пеш аз ҳама, аз байн бурдани ҳамин беморист. “Мурдаро монда, тутхӯрӣ” намекунем-ку! Албатта, мо ба ин беморӣ ғолиб меоем. Интихоботи президентӣ ҳам дар вақти муқаррарӣ доир мешавад. Барои ин замина ҳаст. Мо фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёдро бунёд кардаем ва маъракаи сиёсӣ бидуни мушкилот сурат мегирад. Ба ин боварии комил дорам. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам дар ин ҷода нақши худро мегузорад.

Мироҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ:

-Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи президентӣ бояд дар вақти муқаррарӣ баргузор шавад. Айни замон тамоми фикру зикри мардум ба коронавирус ва бартараф кардани он мебошад. Аммо  ҳанӯз вақт ҳаст. Дар пешорӯи интихобот, мо ҳоло ягон барномаеро рӯи даст надорем. Албатта, мо номзадҳои арзандаро дастгирӣ мекунем, вале то кунун андешаи иштироки номзади худ ба интихоботи президентиро  накардаем. Номзадро аъзои ҳизб пешниҳод мекунанд. 

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ:

-Ҳозир нуќтаи ављи бемории коронавирус дар Тоҷикистон гузашт.  Шумораи беморон рӯ ба коҳиш дорад. Ба назари ман, ин беморӣ монеъ дар баргузории интихоботи президентӣ намешавад. Давлат сохтор дорад, вазифааш табобати беморон ва аз байн бурдани беморист. Аз гриппи одӣ ҳам баъзан мардум мемиранд. Дар дилхоҳ ҷомеа ин гуна ҳолатҳо ба вуқўъ меоянд. Ин пешомад ва пешгӯинашаванда аст.

Маъракаи сиёсии интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бошад, дар вақти пешбинишуда доир мешавад. Ҳар як ҳизб барои интихобот пешакӣ, як сол пеш омодагӣ мегирад, зеро он чорабинии сиёсист. Нодуруст аст, ки ҳизб як моҳ пеш ба интихобот омода шавад. Аз ин лиҳоз, мо барвақт корро шурӯъ намудем ва имконият, қудрат ва номзади арзандаи Ҳизби демократии Тоҷикистонро таҳлил намуда истодаем.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси ҲСДТ:

(Мо натавонистем бо раиси ҳизб Раҳматулло Зоиров иртибот гирем. Ба мо гуфтанд, ки ӯ бемор аст).

-Агар роҳбарияти сиёсии кишвар ва ниҳодҳои марбута дарк кунанд, ки яке аз шартҳои муҳим ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, эътибори байналмилалии он аз интихоботи шаффофу демократӣ вобастагӣ дорад, бояд иродаи сиёсиро ташаккул диҳанд. Кафолати номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми президентӣ ва шароиту имконияти баробар низ ба аҳзоби сиёсӣ фароҳам оварда шавад.  Зеро Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам барномаи худро дорад.

Агар дар Тоҷикистон вазъияти  фавқулода эълон шавад,  он вақт дар мувофиқа бо Шӯрои амнияти СММ ҳама гуна маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот, набояд баргузор гардад. Ҳоло дар робита ба пандемияи коронавирус дар мо карантин эълон нашудааст, тадриҷан беҳбудӣ эҳсос мешавад. Бинобар ин,  интихоботи президентӣ ҳамин сол баргузор мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.