Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кампири 75 соларо таҷовуз кард, кушт ва 41 ҳазор рублашро дуздид

Кампири 75 соларо таҷовуз кард, кушт ва 41 ҳазор рублашро дуздид
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштор ва таҷовузи як зани пиронсол дар Маскав зиндон карданд.

Муҳоҷири тоҷик дар Русия барои куштор ва таҷовузи як зани бознишастаи 75-сола дар Маскав ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
«Суди шаҳри Маскав оид ба парвандаи ҷиноятӣ алайҳи шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон ҳукм содир кард. Вай ба куштор барои пинҳон кардани ҷинояти дигар, таҷовуз ба номус, ғоратгарӣ бо вуруди ғайриқонунӣ ба хона гунаҳкор дониста мешавад.», — хабар медиҳад дафтари матбуоти прокуратураи Маскав.

«Тафтишот муайян кард, ки рӯзи 26 январи соли 2020 Қузиев, зодаи Тоҷикистон дар кӯча як зани 75-соларо дунболагирӣ кардааст.
Вақте зан ба хонаяш медарояд, ӯ аз паси вай вориди ҳуҷра шуда, бо талаби кампир, ки тез хонаро тарк намояд, мард ба рӯи зан задааст.
Дар натиҷа пиронсол афтода сарашро ба девор зада, аз ҳуш рафтааст. Мард кампирро таҷовуз карда, сипас ӯро куштааст.
Ғайр аз ин, ҷинояткор 41 ҳазор рубли зани нафаҷахӯрро рабудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.