Меҳмонхона фурӯ рафту 17 нафар куштаву 5 нафар захм бардошт

Аз рӯи маълумоти РИА Новости.Бинои як меҳмонхона дар шаҳри Сучжоуи Чин фурӯ рафт.
Дар натиҷаи фурӯ рафтани меҳмонхона 23 нафар зери харобаҳо қарор гирифтанд. Аз ин миён 17 нафар кушта шуданду панҷ тан бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодисаи нохуш танҳо як нафар ҷон ба саломат бурд.
Айни ҳол корҳои ҷустуҷӯи анҷом ёфта ва сабаби фурӯ рафтани меҳмонхона ба таъмири беиҷозат рабт дода мешавад.
Ҳоло як гурӯҳи махсус созмон ёфтааст, ки тафсилоти пурраи ин ҳодисаро тафтишу дақиқ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *