Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раҳимзода: Сулҳи Афғонистон барои мо ҳам зарур аст

Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тақвият мебахшанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири умури дохилии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт дар Душанбе мулоқот намуд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақаю ҷаҳон ва дигар масоили мубрам табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Вазири умури дохилии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваффақият таманно намуд.

Мусоҳибон изҳори умед намуданд, ки муносибатҳо байни ниҳодҳои қудратии ду давлат минбаъд низ густариш ва тақвият хоҳанд ёфт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.