Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раиси вилоят дар арафаи Иди Қурбон ба аёдати собиқадорон рафт (аксҳо)

Дар  арафаи Иди саиди Қурбон имрӯз, 30-юми июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  шахсиятҳои маъруф ва собиқадор Сайрам Исоева, Ҷӯрабек Набиев, Турсунбой Раҳматов ва Шариф Ҳафизовро аёдат намуд.

“Раиси вилоят аёдатшудагон ва аҳли оилаи онҳоро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфт ва изҳор дошт, ки бо дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорони меҳнат бохабар гардида, барои дастгирии моддиву маънавии онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Таъкид гардид, ки дар арафаи Иди Қурбон анҷом додани амалҳои неку писандида ва дастгирии ҳамдигар аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои корҳои хайр суннати деринаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад”,-иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи театр ва санъати рассомии ба номи А. Островскии шаҳри Тошканд дохил шуда, соли 1964 онро бо муваффақият хатм мекунад. Беш аз 56 сол инҷониб дар саҳнаи театру кинои тоҷик нақшофарӣ карда, дар вазифаҳои гуногун низ фаъолият бурдааст. Ин ҳунарманди нотакрор дар кинофилми «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимёгаров нақши Гурдофаридро бозидааст. Сайрам Исоева ҳамчун коргардони бомаҳорати театр низ маъруф аст ва бо кӯшиши ӯ даҳҳо асарҳои саҳнавию ҳаҷвӣ ба саҳна гузошта шудааст.

Устоди санъат, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев бошад соли 1941 таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров аст ва солҳои зиёд дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ансамбли тарона ва рақси «Дурдона», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият карда, аз шашмақомсароёни номии тоҷик мебошад.

Собиқадори хизмати давлатӣ Турсунбой Раҳматов солиёни зиёд дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазири кишоварзӣ, раиси Шаҳристону Мастчоҳ кору фаъолият бурда, айни замон раисии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятро ба уҳда дорад.

Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Шариф Ҳафизов собиқадори соҳаи варзиш мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.