Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зилзилаи шадид дар Тоҷикистон

Заминларза бо шиддати 5,8 балл дар 164 километрии шимолу шарқи Душанбе рух дод
Дар Тоҷикистон зилзилаи шадид рух дод. Дар ин бора Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин (EMSC) эълом кардааст.
Қувваи заминҷунбӣ 5,8 арзёбӣ мешавад. Маркази он 164 километр шимолу шарқи Душанбе ва 169 километр ҷанубу шарқи Хуҷанд дар умқи 40 километр гуфта мешавад.
Замин соати 02:14 дақиқа такон хӯрд ва айни ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ хабари пуррае нест.
Ва ҳамзамон:

СУБҲИ БАРВАҚТ ХОРУҒРО ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

Заминҷунбии Тоҷикистонро инчунин экспедитсияи сейсмологии таҷрибавӣ-методии Кумитаи илми Вазорати маорифи Қазоқистон 6,4 дараҷа арзёбӣ намудааст
Қаблан, заминларза дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон рух дода буд. Ларзиши замин дар 40 километрии шарқи Хоруғ ва беш аз 200 километрии шарқи Қундуз ба вуҷуд омада буд.
Ин нооромиҳои Толибон ягон фалокатеро бабор хоҳад овард! Алҳазар аз пайю қадами шум!
АҶАБО?!
Ларзиш дар шимолу шарқи Қундузи Афғонистон эҳсос шудааст, аммо дар Ӯзбекистон ба назар нарасидааст.

Маркази заминларза дар чуқурии 200 километр ҷойгир будааст.
Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 293 км ҷанубу шарқи Душанбе, 43 км шимолу шарқи Хоруғ будааст.
Қувваи ларзиш дар маркази заминларза 4-5 бал, дар шаҳри Хоруғ 4 балро ташкил доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд мекунад, ки талафот ва харобӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал мавҷи пурраи заминларзаҳо саросари ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.