Имрӯз Тоҷикистон чемпионашро пешвоз мегирад
Шоми имрӯз, соати 17:00 паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ бо медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон, ки аз 10 то 13-уми август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор баргузор гардид, ба Ватан бармегардад.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар таърихи гӯштини дзюдои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад.
Мавриди зикр аст, ки нахустин медали тиллоро паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.
Бояд гуфт, ки баробари дарёфти медали тилло Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА низ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ