Табибони Ҳиндустон дар Хуҷанд машварати ройгон медиҳанд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, се нафар табибони варзидаи Ҳиндустон — Доктор Ажитабх Шривастава, Доктор Арун Кумар Гири ва Доктор Нагеш Чандра дар шаҳр машварати ройгон медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида, машваратҳо санаҳои 19.08.2022 ва 20.08.22 дар Маркази навбунёди “Ортопедия ва технологияи муосир”-и шаҳри Хуҷанд (паҳлуйи таваллудхонаи шаҳрӣ) баргузор мегарданд.

— Машваратҳои комилан ройгон барои бемориҳои гуногун, аз ҷумла трансплантатсия, ҷигар, гепатология, ҳама намуди варамҳо, амалиёти онкологӣ, иваз кардани зонуҳои роботӣ, ҷарроҳии сутунмуҳра ва нейроирургия, деформатсияи устухон ва ғайра дода шуда, барои табобат роҳнамоӣ хоҳанд намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *