Раҳимзода бо ҳамтоёни худ дар Тошканд вохӯрд

Санаи 18-уми августи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои дохилӣ масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ намуданд.

Тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ тавассути вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узвро иштирокчиёни ҷаласа хостгор шуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар суханронии худ изҳор дошт, ки «мо бояд кӯшишҳои худро дар якҷоягӣ бар зидди се зуҳуроти номатлуб — терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, зеро ин хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд. Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ ва инчунин ҳамкорию ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст».

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ Протокол ба имзо расид.

Ҳамчунин, дар доираи баргузории ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Улан Ниязбеков, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Ахмеджанов ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҳиндустон Нитянанд Рай баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *