Чаро ҷавонони тоҷик Амрико рафтан мехоҳанд?

Амрико меравам! Маро ба Амрико фиристед! Амрико, Амрико, Амрико…!

Ин садо дар мактабу донишгоҳ, кӯчаю паскӯча, аз кунҷи ҳар деҳаю шаҳр садо медиҳад. Ман ба ин овозҳо ҳамсадо нестам. Зеро ватанамро дӯст медорам. Аммо донистан мехоҳам, ки чаро ҷавонони тоҷик Амрикоро интихоб доранд, Амрико рафтан мехоҳанд? Чӣ гуна онҳо туъмаи ҳаннотон қарор мегиранд? Корчаллонҳо аз фурсат истифода мебаранд, ширкат месозанд, дар меҳмонхонаҳо дафтар мекушоянд ва парда ба рӯяшон кашида, садо баланд мекунанд:

Ман туро Амрико мефиристам!

Ман низ ба яке аз чунин дафтарҳо омадам. Бо мақсади Амрико рафтан не, бо мақсади фаҳмидан, ки чаро Амрико мераванд?

Ҷавонон ҷо-ҷо ҷамъ омада буданд. Дар гӯшае ҷавони хушсимое танҳо менишаст. Наздаш омадам ва паҳлуяш нишастам. Хомӯшӣ чандон давом накард.

— Шумо ҳам Амрико рафтан мехоҳед?,- пурсид.

Ба хотири он ки ӯ наҳаросад, “бале” гуфтам.

Пас аз андак аз ӯ пурсидам:

— Шумо донишҷӯй ҳастед?

— Оре.

— Амрико рафтан мехоҳед?

— Оре.

— Курси чанд?

— 3.

— Омӯзгорӣ?

— Не, Донишгоҳи миллӣ.

— Чаро Амрико?

— Он ҷо имконият калон.

— Магар дар Тоҷикистон чунин имконият нест?

— Он ҷо имконият бештар.

— Барои рафтан ҳам пули калон лозим.

— Қарз гирифтам. Кор мекунаму бармегардонам.

— Ду соли дигар мондааст. Метавонистӣ донишгоҳро тамом куниву баъд Амрико равӣ.

— Вақт меравад.

“Дуруст аст, ки вақт меравад, вале баробари вақт нерӯи тоза, ақлҳо мераванд”,- аз дил гузаронидам.

— Таҳсил рафтан ба хориҷа баҳона шудааст.

— Баҳона не, илоҷи воқеа.

— Манзур?

— Он чиро меҷӯӣ, ки зарурат дорӣ. Дониш.

— Магар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дониш гирифтан намешавад?

— Мешавад, агар дониш диҳанд. Донишгоҳ на дониш медиҳад, на одоб. Фарқ миёни муаллим ва донишҷӯй намондааст. Медонӣ муаллим ба шогирд чӣ гуна муроҷиат мекунад? “Э аблаҳ, иҷа биё!”. Донишҷӯ чӣ? “Чо кадӣ устод, э, дарс меша намеша, хай биё мо брем! Э, хай ҷавоб тен равен, шумоям дам гирен, моям”.

Ин мушкилоти як донишгоҳ нест. Аз мактаб оғоз мешавад, дар донишгоҳ идома меёбад. Ман дар Хуҷанд, ҳарчанд аслам аз ҷануб аст,  мактаби русӣ хатм кардам. Ба мо омӯзгорони русзабон дарс медоданд. Барои онҳо якумдараҷа эҳтиром, баъд дониш меистод. Вақте эҳтиром ҳаст, хонанда дониш омӯхта метавонад. Вале аксари омӯзгорон дар ҷумҳурӣ аз ин хислат дуранд. Онҳо ба хонандаву донишҷӯ дод мезананд, хонандаву донишҷӯ ба сӯи омӯзгор. Магар ин бадбахтӣ нест?

— Ту ибтидо дар Хуҷанд таҳсил доштӣ?

— Бале, баъд ба Душанбе кӯчидем.

— Магар миёни донишгоҳи Хуҷанду Душанбе фарқ ҳаст?

— Ҳаст, ещё как! Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муаллим муаллим асту донишҷӯ донишҷӯ. Мисоли оддӣ: дар ДДХ бемор шавию варақаи беморӣ биёрӣ, муаллимон туро мефаҳманд, мепурсанд, ки “пурра сиҳат шудӣ, ҳоло худатро чӣ гуна ҳис мекунӣ?”. “Саломатиатро эҳтиёт кун” мегӯянд. Аммо дар донишгоҳҳои Душанбе гап дигар! Омӯзгорон мегӯянд, ки “ба ман фарқаш чӣ, ки ту дар куҷо будӣ, чӣ кор кардӣ, рав декана бин, замдекана бин, пулша те, рав, дарсба шин!”. Муҳимтарин фарқи Донишгоҳи Хуҷандро аз Душанбе дар он мебинам, ки он ҷо эҳтиром ҳаст.

— Афсона мегӯӣ.

— Худат донишҷӯ?

— Бале.

— Гӯё намедонӣ.

Ман лаб газидаму хомӯшӣ ихтиёр намудам. Ҳамсуҳбатам суханашро давом дод:

— Пора медиҳӣ, вақти дар дарсҳо набуданат “иштирок дошт” мешавад, пора медиҳӣ, аз дониши набуда бали баланд мегузоранд. Мисол, ман аз забони русӣ имтиҳон доштам. Ба ман гуфтанд, ки “худат месупорӣ?”. Гуфтам: “Бале”. Омодагӣ гирифтам, то қадри имкон ба саволҳо ҷавоб гардонидам. Гуфтанд: “Ҳама пул дод, ту ҳам пул деҳ, ҷавоб ба ту!”.

— Кӣ чунин гуфт?

— Ассистент. Бештар дар имтиҳонҳо ассистентҳо қабул мекунанд. Омӯзгорони дарсдиҳанда кам дар имтиҳонҳо меоянд.

— Чӣ қадар пул талаб мекарданд?

— Ҳар гуна. Ба факултет вобаста, ки чӣ хел мақом дорад.

— Масалан, аз шумо чӣ қадар талаб мекарданд?

Ба ҳисоби миёна 100 сомонӣ аз ҳар як фан.

— Дар як нимсола чанд имтиҳон дорӣ?

— 8-9.

— Агар ту хоҳӣ ба дониши худат супорӣ, чӣ вокуниш мекунанд?

— Ман забони русиро хуб медонам ва мехоҳам ба забони русӣ имтиҳонҳоро супорам. Вақте аз омӯзгорон кумак мепурсам, ба ман мегӯянд: “Пас ин ҷо чӣ кор мекунӣ, ба гуруҳи русӣ рафта хон, ҳеҷ кас туро маҷбур надоштааст?!”. Вале дар шаҳри Хуҷанд чунин нест. Ман таҳсилоти миёна ва аввали донишҷӯиямро дар Хуҷанд гирифтаам. Омӯзгорони онҷо ба ман ба русӣ ҳамаро мефаҳмонданд, инҷо бошад, баръакс аст, гӯё дониш барояшон муҳим нест.  

Имрӯз дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, ба ҷуз аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов таълим ба стандарти байналхалқӣ ҷавобгӯй нест. Ҳатто дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону  Русия, ки он ҷо гӯё донишҷӯён бо стандартҳои пешрафтаи таълимии Русия мехонанд. Ман аз дӯстонам пурсон мешавам ва ҳамаро муқоиса мекунам. Гуфтаҳои ман сарсарӣ нест. Ин натиҷаи таҳқиқ аст, ки ман назари шахсони гуногунро шунида, хулоса баровардам.

— Фарқи таълим дар Душанбе нисбати Хуҷанд чӣ гуна аст?

Масалан, дар донишгоҳи мо рӯзи душанбе омӯзгорон пурра дарсҳоро мегузаранд. Сешанбею рӯзҳои дигар аксаран ба дарс дер меоянд, рӯзи шанбе гуруҳе аз донишҷӯён ба дарс намеоянд, ё омӯзгор дарсро нагузашта, ҷавоб медиҳад.

— Ягон маротиба барои аз тарафи омӯзгорон шикастани қоидаҳои меҳнат ба касе шикоят кардед шумо?

Ба гапи донишҷӯ кӣ гӯш мекунад? Агар гап задӣ, туро беҳудагӯ мепиндоранд, дар қоғаз чизе менависанд ва гӯё чорае меандешанд. Охир, ҳамаи онҳо бо ҳамдигар шинос ҳастанд, дӯст ҳастанд ва ба як гуфтаи ман ба ҳамдигар интиқод намегиранд. Баръакс, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

— Шумо дар як сол барои таҳсил чӣ миқдор маблағ месупоред?

— Наздик ба 10 000 сомонӣ.

— Ба андозаи маблағи супоридаатон дониш мегиред?

— Агар дониш мегирифтам, майли Амрико рафтан намекардам. Ҳайронам, ки чаро дар Донишгоҳи тиббӣ дониш гирифта мешаваду дар дигар донишгоҳҳо не. Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ, ки шабу рӯз мехонанд, баҳои баланд мегиранд. Дар донишгоҳи мо, бахусус дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисод ҳатто Суруди миллиро намедонанд. Бархе то имрӯз фикр мекунанд, ки Гулназар Келдӣ бону аст. Ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад? Аз мактаб! Дар мактаб кӣ таълим медиҳад? Онҳое, ки ҳамин донишгоҳҳоро хатм кардаанд.

— Дар донишгоҳ чӣ чиз туро бештар нороҳат мекунад?

— Вуҷуд надоштани эҳтиром. Вақте бори аввал ба донишгоҳ омадам, дар ҳайрат мондам. Омӯзгор донишҷӯро бо нидои “ҳе аблаҳ, ҳе сағера, иҷа биё!” ба сӯи худ мехонад. Ман ҳамаи омӯзгоронро дар назар надорам, чун ҳастанд омӯзгороне, ки воқеан онҳо махзани илм ҳастанд ва аз илму дониши онҳо бояд истифода карду омӯхт.

Баъзе омӯзгорон меоянду мешинанд, чизе менависанд. Чеҳраи кадом донишҷӯе писандашон омад, бали баланд мегузоранд. Дар ин миён донишҷӯёне, ки тариқи буҷавӣ дохил шудаанд, мехонанд, ҳатто агар омӯзгор дарс ҳам нагузарад, нишаста чизе менависанд. Ин аз хоҳиши худи донишҷӯён ҳам вобаста аст, вале барои донишҷӯро ба дониш ҷалб кардан нақши омӯзгор аввалиндараҷа аст. Бояд омӯзгор раҳнамо бошад, на каҷнамо. Ҳавасмандиро омӯзгор бояд диҳад.

— Ҳама камбудиҳоро медонӣ, намешавад, ки ин ҷо бимонию онҳоро якҷо ислоҳ кунем?

— Не ман чунин имкониятро намебинам. Ҳарчанд Тоҷикистон ватани мост, дил аз он канда наметавонам. Донишҷӯёнеро медонам, ки лаёқату дониши зиёд доранд, вале пас аз як соли таҳсил мебинем, ки рахти сафар ба Русия бастаанд, ҳарчанд ман Русияро ҷои муносибе барои рафтану таҳсил кардан намедонам. Ҷое, ки миллатгароӣ, коррупсия ҳаст, озодии баён нест, ҷавонон наметавонанд пеш раванд.

— Озодии баёнро дар чӣ мебинӣ?

— Вақте назари худро озод, бе дахолати касе гуфта тавонӣ, дигарон товони гӯш кардани гуфтаҳои туро дошта бошанд. Масалан, дар Аврупо чунин аст, ки вақте ба сомонаҳо, саҳифаҳои интернетӣ ва наворҳо сар занӣ, ду фикри якхела нест, яъне он ҷо гуногунандешӣ вуҷуд дорад. Ман намегӯям, ки дар Аврупову Амрико чунин ҳолатҳо ё коррупсия нест, ҳаст, вале хеле кам. Одамонро барои коррупсия ҷазои сахт медиҳанд.

— Аз нигоҳи ту, барои донишгоҳҳои мо чӣ намерасад?

— Мавҷуд набудани фарҳанги муошират. Ин ҳама аз оила оғоз мешавад, падару модар вақти лозимаро барои тарбияи фарзанд ҷудо намекунанд. Онҳо ин вазифаи худро пурра бар дӯши мактабҳо вомегузоранд. Мактабҳо ҳам чунин ранг доранд. Яъне аз оила ба мактаб ва аз мактаб ба донишгоҳ мегузарад. Ҳамин тавр, ба зиндагии мустақилона қадам мегузоранду мераванд ва ҳеҷ шикояте ҳам надоранд.

— Фаразан ба Амрико рафтӣ, донишҷӯ шудӣ, баъд чӣ?

— Таҳсил ва кор мекунам.

— Нияти дар он ҷо зиндагӣ кардан дорӣ?

— Чунин фикр надорам. Мехоҳам зиндагии худамонро бо зиндагии мардуми Аврупо ва Амрико муқоиса намоям ва барои зиндагӣ шаҳри орому осудаеро интихоб кунам.

— Такрор мекунам, ту метавонӣ ин гуфтаҳоро дар ин ҷо амалӣ амалӣ намоӣ…

— Намешавад. Инҷо ба ҷои раҳнамоӣ дар ҳар кори ту хато меҷӯянд, пешравиатро намехоҳанд, коре мекунанд, ки ба шикаст мувоҷеҳ шавӣ. Онҳо худ, ки ба чизе нарасидаанд, намехоҳанд дигарон ҳам расанд. Бояд дигарон аз онҳо поинтар бошанд. Чунин андеша ҳоло мафкураи ҷавонони моро печонидааст.

— Яъне гуфтан мехоҳӣ, ки кумак намекунанд?

— На танҳо кумак намекунанд, балки коре мекунанд, ки ба шикаст дучор шавӣ. Ҳатто дӯсти наздиктаринат намехоҳад аз сатҳи ӯ боло бошӣ. Мекӯшанд аз сатҳи будаат ба сатҳи поинтарин фароӣ.

— Роҳи ҳали ин ҳамаро дар чӣ мебинӣ?

— Намедонам. Шояд мафкураи мардумро дигар кардан лозим бошад. Як бор мехоҳам аз берун ба дохил нигоҳ кунам. Шояд он вақт маслиҳате дода тавонам.

Суҳбати мо ба анҷом норасида, ӯро даъват карданд. Ман ба кор баргаштам. Умедворам, бо он ҷавон, ки ҳатто пурсидани номашро фаромӯш кардам, бори дигар ҳамсуҳбат мешавам.

И. ШАРИПОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *