Президент бархе аз судяҳову раисони судҳоро таъину озод кард

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми августи соли 2022, таҳти №428 “Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо” бархе аз судяҳои кишвар ба вазифа таъину аз вазифа озод карда шуданд.

Ҳамин тариқ, Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод гардида, раиси Суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон озод гардида, раиси Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Сунатуллозода Умедҷон аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод гардида, раиси Суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ҳукуматзода Муҳаммад Мирзошо аз вазифаи муовини раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, раиси Суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Холдорзода Хусрав Зайнудин аз вазифаи судяи Суди вилояти Хатлон озод гардида, раиси Суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, раиси Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шуд.

Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод гардида, раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин карда шуд.

Раҳимзода Зарина Абдухолиқ аз вазифаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шуд.

Қурбонзода Хуршеда Гулмат аз вазифаи судяи Суди вилояти Суғд озод гардида, раиси Суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шуд.

Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, раиси Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шуд.

Искандарзода Бахтиёр Мустафо аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ аз вазифаи муовини раиси Суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод гардида, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Нуруллозода Шаъмигул Сайвалӣ аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *