Имрӯз борон ва дар баландкӯҳҳо барф меборад
Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз, 23 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнокро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ