Капитан Хисамовро барои ҷангидан дар Сурия дастгир карданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як олими рус, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар Сурия ба тарафдории “ДИИШ” ҷангидааст.

Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда Хисамов Денис Франгизович, санаи 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Русия таваллуд шуда, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Русия, дорои рутбаи капитан мебошад.

Манбаъ афзуд, ки Денис Хисамов ба Тоҷикистон аз Туркия истирдод шудааст. ВКД шарҳ дод, ки моҳи майи соли 2015 ӯ бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом пайвастааст: “Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардида, ба далели доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон ба Душанбе фиристода шудааст”.

Бар асоси иттилои ВКД Хисамов Денис қасди баргаштан ба Русия барои содир намудани ҷиноятҳо доштааст: “Феълан тафтиш аз рӯи ин ҳодиса идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *