Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва  Русия

Имрӯз,  17 март пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.  

Санадҳои зерин имзо шуданд:
-Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои куҳӣ зарар дидаанд;

  • Созишнома миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Барномаи шарикии стратегӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар соҳаи ҳарбӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амалии он барои солҳои 2026-2028;
  • Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
  • Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image