Интернет арзон мешавад? Ду ширкати мобилӣ иҷозатнома гирифтанд
Ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) барои воридоти интернет иҷозатнома гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ба ин ду ширкати мобилӣ Хадамоти алоқа Тоҷикистон ворид намудани Интернетро иҷозат додааст.
Сардори хадамоти алоқаи кишвар Бег Сабур гуфтааст, ки ин иқдом арзиши интернетро дар кишвар кам намуда, дастраси ба онро осон менамояд. Сармояҳои хусусиро ба худ ҷалб карда, дар бозор рақобатпазир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 инҷониб воридоти интернетро пурра «Тоҷиктелеком» ба зимма дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ