Пешниҳоди манъи риши дарозу пӯшидани сатр дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон лоҳаи қонуне пешниҳод шуд, ки  гузоштани риши дароз барои мардону пӯшидани сатр барои занонро манъ менамояд.  

Ҳоло лоиҳаи қонунро дар парлумони ин кишвар вакилон баррасӣ доранд.

Вакилони Қирғизистон  ҳадаф аз ин иқдомро таъмини амнияти мардум донистааанд. Барои саркашӣ ҷарима ва ҷазо низ пешбинӣ шудааст. Аммо лоиҳаи қонун дар ҷомеаи Қирғизистон баҳси шадидро ба миён овардааст.

Лоиҳаи қонуни нав 14-уми ноябр ба баррасии умум гузошта шудааст. Гуфта мешавад, ки ин тадбирҳо барои дидани чеҳраи одамон ва шиносоии ҳуввияти онҳо заруранд.

Барои онҳое, ки ин қонунро нақз мекунанд, ҷарима ба андозаи 22 доллар ё 30 соат иҷрои кори ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Дар сурати такрор шудани қонуншиканӣ, ҷарима бештар хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *