Интихоби роҳи оянда. Чаро ҷавонони мо дар он мустақил нестанд?
Имсол ҳам монанди 6 соли пеш шурӯъ аз 1 март давраи бақайдгирии довталабони макотиби олии касбӣ ва миёнаи махсус оғоз гардид. Ин дар ҳолест, ки қисме аз курсиҳои макотиби олии моро тасодуфиҳо, қисми дигарро нафароне, ки намехоҳанд, ишғол кардаанд ва боқимонда нафароне, ки каму беш мехонанд.
Эҳтиёт, касбҳо ҳам метавонанд бимиранд!
Дар ин дунё ҳама кас, ҳама чиз рӯзе тавлид мешавад ва рӯзе мемиранд. Касбҳо ҳам мемиранд. Ин ҳолат барои мо бояд дар хусуси интихоби роҳи ояндаи худ такондиҳанда бошад, зеро мо он вақт интихоби дуруст мекунем, ки аз вазъи замону ҳолати кунунии сайёра бохабар бошем. Бино ба маълумоти охирине, ки дар интернет нашр шудаанд, ояндаи наздик миллионҳо нафар, ки намояндагони касбу корҳои гуногун ҳастанд, бекор мемонанд. Сабаб он аст, ки кори онҳоро роботҳо иҷро мекунанд.
Бояд гуфт, ки бисёре аз касбу ихтисосҳое ҳастанд, ки технологияи муосир мавқеашонро танг карда, барои рӯзгузаронии соҳибони худ дигар коре карда наметавонанд. Масалан, ҳамагӣ чанд сол пеш бархе мехостанд, ки ихтисоси дар қолаб омода кардани дандонро омӯзанд. Боварӣ ба он доштанд, ки бо ихтисоси дандонсозиашон умре зиста, боз касбашонро ирсӣ мекунанд, аммо ҳоло мебинем, ки асбобҳое ихтироъ шудаанд, ки дигар намояндаи ихтисоси дар боло зикршуда даркор нест. Технологияи муосир ҷойи ҳазорҳо нафарро дар як ихтисос танг кард.
Ба ҷуз инҳо боз метавон гуфт, ки баъзе дигар ихтисосҳое ҳастанд, ки худ аз худ “мемиранд”. Аниқтараш дар ҷомеа нодаркор шуда, таваҷҷуҳ ба онҳо ниҳоят кам мешавад. Дар натиҷа, намояндагонашон маҷбур мешаванд, ки дар кору машғулияти дигаре қутти лоямут ҷӯянд.
Ба болои ин ҳама метавон гуфт, ки дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон мо барои интихоби хостаҳоямон ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавем.
Чаро дар интихоб озод нестем?
Монеаҳое, ки дар ҷомеаи мо барои интихоби касбу ихтисоси ҷавонон вуҷуд доранд, метавон ба тариқи зайл номбар кард:
Якум, мардуми деҳ ба ҷуз барои дар роҳи дуруст ва фоидаовар рафтани фарзанди худ боз барои фарзандони хешу пайвандон ва ҳатто барои фарзандони ҳамсояашон ҳам бисёр фикру кӯшиш мекунанд. Аксарият, ки калонсол ҳастанд, ба нобуд ва камарзиш шудани касбу ихтисосҳо камтар таваҷҷуҳ доранд. Танҳо мехоҳанд, ки шахси наздикашон ҳамон факултете дохил шавад, ки онҳо мехоҳанд, донишҷӯи он ихтисосе бошанд, ки худашон 30-40 сол пеш онро хатм кардаанд ё хатм кардан мехостанд. Ин омилро наметавон маҷбур кардани насли нав барои инихоби касби ояндаашон номид, зеро дар ин ҷо ҳар чизе, ки ҳаст аз меҳрубонӣ ва дилсӯзист. Вале агарчӣ бо дилу нияти нек ҳам бошад, маънои озод набудани интихобкунандаи касбро дорад.
Дувум, наврасону ҷавононе ҳам ҳастанд, ки то синфи 11-умиашон “бепарвофалаканд” ва дар охирин лаҳзаҳо (дар вақти бақайдгирии ММТ муаллифи ин сатрҳо кластер ва ихтисосҳои 6 довталабро муайяну интихоб кардааст) дар фикри касбу ихтисос мешаванд, ки бисёр мушкил аст. Ин ҳолат 90 бар 10 аст. Яъне, 90% барои муваффақ шудан дар касби тасодуфан интихобкарда боварӣ нест, танҳо 10% метавон эътимод баст, ки он ҳам бошад барои ноумед набудан асту халос.
Савум, бархе аз волидон мехоҳанд, ки касбашон ирсӣ бошад. Шояд барои он ки духтур ҳастанду намехоҳанд пули беморонашон “бегона” шавад ва ё муҳандис ҳастанду лоиҳаҳои бузургро бо фарзандонашон амалӣ кардан мехоҳанд. Ҳар чӣ ки бошад, метавон гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо волидон интихобро аз дасти фарзандонашон мегиранд, ки дигар ҷои баҳс ва мунозира надорад. Ва ин маънои онро дорад, ки озодиро аз онҳо гирифтаанд.
Чаҳорум, тавсияҳои “бемисл”-у “монанд”-и атрофиён сабаб мешавад, ки бисёриҳо дар интихоб озод набошанд ва ба гуфтаҳои дигарон гӯш дода, озодии интихоби ояндаашонро аз даст диҳанд. Ин маънои онро дорад, ки мо ба наздикону атрофиёнамон эҳтиром дорем, аммо ба худ ва интихобу ояндаи худамон беаҳамиятем, ки ин оқибати хуб надорад.
Касбро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Дар кадом мавзӯъ ё мавзӯъҳо шумо омода ҳастед, ки 100 китоб хонед?
Агар шумо тахминан як миллион доллар доштед, дар ҳоле ки он пул бароятон зарур нест, ба чӣ кор машғул мешудед?
Вақте ки дар бораи интихоби касб меандешед кӣ ё киҳо ба пеши назаратон меоянд?
Саволҳои болоро ба худ бидиҳед ва ҷавобҳояшонро дар ҷое нависед, сипас касбатонро интихоб кунед. ( Наталя Холоденко, равоншинос)
Нафарони зиёде ҳастанд, ки ҳоло дар касбу кори гуногун фаъолият доранд, вале субҳ бо таъби хира ба кор рафта, бегоҳ давон-давон ба хонаҳояшон бармегарданд. Бепарда гӯем, аз касбу кори худ норозиянд. Пас барои он ки ба ин ҳолат дучор нашавем, моро мебояд аз аввал ба масъалаи интихоби касб ҷиддӣ муносибат кунем.
Дар ҳама ҳолат бояд кӯшиш кард, ки роҳи ояндаи худро бе ёрӣ ва тавсияи дигарон интихоб намуд. Бигзор интихобамон хато бошад, аммо худамон интихоб кунем. Зеро моро ҳеҷ каси дигаре аз худамон беҳтар намешиносад. Агар ки ҳазор насиҳатномаҳову андарзномаҳоро варақгардон кунем, агар ки соатҳо дар пеши даҳони насиҳаткунандаҳо нишинем, агар ки шабу рӯз тавсияи интихоби дурустро шунавем, аммо вақте ки ба он ё онҳо бовариямон набошад, ҳамааш ба сифр анҷом меёбад. Содатар гӯем, касбро дар натиҷаи доштани мақсад ва нақшаи муайян метавон интихоб кард. Ба саволи “чӣ тавр?” мо дар зер ҷавоб медиҳем.
Доштани мақсади муайян ва нақшаи зиндагӣ моро дар андешаву тафаккури мо баҳона ва сабаберо барои интихоби ин ё он касб тавлид мекунад, ки фардо барои тақозои рӯзгузарониамон мусоидат кунад. Як мақсад, ки он муайян аст, ки дар майнаи сари мо аз замони наврасӣ, ҳатто аз кӯдакӣ сар карда, то давраи донишҷӯӣ ва пас аз он ҳам як ё якчанд касбҳоро пешниҳод менамояд. Вале интихоби он ё онҳо вазифаи ақл аст.
Рукни аввал, бояд ба худу ба қалби худ гӯш дода, фикру зикри интихоби ояндаро кард.
Рукни дувум, касбро набояд барои сердаромадияш, балки барои намирандагӣ ва ояндадорӣ, фоидаовар ба ҷомеа ва давлату миллат интихоб кард.
Рукни савум, дӯст ва эътимод доштан ба он чизе, ки ояндаи худро барояш бахшидан мехоҳед. Ҳар вақте ки дилгармӣ ва дӯстдорӣ нисбати касбу коре дар дил пайдо шуд, эътимод ва боварӣ ҳам ҳатман ҷойи худро меёбанд ва дар интихобу қарор қабул кардан саҳм мегиранд.
Рукни чаҳорум, бояд пеш аз интихоб худамонро пас аз чанд моҳу соли интихоби касби интихобмекардаамон ғунҷонда ва хуб дида тавонем. Ин он маъноеро дорад, ки муносибат ва мувофиқати ҳама дороии моддиву маънавиямонро бояд ба назар гирифта, баъд интихоб кунем. Барои мисол, нафароне ҳастанд, ки Офаридгор табиатан қади кӯтоҳ насибашон кардааст, онҳо бо ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд, ки дар Академияи милитсия таҳсил кунанд, агарчӣ шавқи зиёд дошта бошанд ҳам. Боз метавон гуфт, ки нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки табиатан тарсӯ ҳастанд, ҳатто аз сояи худ ҳам метарсанд, пас ин қабил одамон агар бо худ мувофиқат накунанд, пас чӣ тавр метавонанд ба факултети тиббӣ дохил шаванд? Агарчӣ волидону атрофиёнашон пайваста онҳоро тарғиби духтуршавӣ мекунанд ва худашон ҳам бо китобҳои кимиёву биология зиндагӣ намоянд. Ин гуна имконнопазир аст ва ин аст принсипи охир, яъне мувофиқ ва муносиб ба касби оянда будан.
Ба ҷои сенуқта
Умед мебандем, ки интихоби касб ҳаммаънои интиоби роҳи ояндаи ҷавонон мешавад.
Умед мебандем, ки ҷавонони мо дар вақти бақайдгирӣ дар ММТ аз дигар нафарон барои интихоби “ради галочка”-ашон кумак намепурсанд.
Умед мебандем, ки ҷавонони мо ҳақиқатан ҳам барои соҳибкасб шудан талош меварзанд.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ