Исломиддин ҳам узр пурсиду ҳам аз Русия депорт шуд

Муҳоҷире, ки варзишгарзани Челябинскро барои пӯшидани “шорти кӯтоҳ” танбеҳ дод, аз Русия ихроҷ шуд.

Исломиддини 24-сола зодаи Тоҷикистон буда, чанд моҳ пеш барои кор ба Челябинск рафта буд. Мақомоти Русия ӯро дар асоси моддаи 18.8-и Кодекси маъмурӣ (вайрон кардани режими будубош дар Федератсияи Русия) 7 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Ҳамчунин, номбурда барои таҳқири духтарони рус аз ин кишвар ихроҷ карда шудааст.

Ҳодиса чунин шудааст, ки Исломиддин бо мошинаш роҳи ду духтаре, ки дар гармои 29-дараҷа бо шортҳои варзишӣ ба дучарха савор буданд, буридааст.

Ба ронанда намуди зоҳирии Ирина Алексееваи 33-сола, мулаққаб ба Рондаи рус, ки дар UFC ширкат мекунад, писанд наомадааст.

Баъд аз боздошт ин муҳоҷири тоҷик аз духтарони рус узр пурсидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *